ЧИЛТАН – КОРХОНАИ ИСТИХРОҶ ВА КОРКАРДИ САНГИ ХОРО

Корхона истихроҷи кони Хоҷа Чилдиёрро дар баландии 1400-1600 метр коркард мекунад. Гурӯҳи мутахассисон дар истеҳсоли маҳсулот аз санги хоро, травертин ва волластонит фаъолият мекунанд. Навъҳои асосии маҳсулоти истеҳсолшаванда сангфарши гранитӣ бо сояҳои хокистарӣ ва қаҳваранг мебошанд. Маҳсулот аз санги табиӣ дорои кафолати сифати баланд аст. Коркарди дуруст маҳорати воқеӣ ва таҷҳизоти боэътимодро талаб мекунад. Санги табиии пойдор солҳои дароз хизмат намуда бо зебоии нафиси худ наслҳоро шод мегардонад.

chiltan-process-raboti

КОМБИНАТИ МАЪДАНТОЗАКУНИИ АДРАСМОН

ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» яке аз корхонаҳои муҳими саноатии кишвар дар соҳаи истихроҷ ва коркарди маъданҳои сурбу нуқра мебошад. Дар доираи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «АСИМ» корхона аз нав барқарор ва бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Шветсия, Финландия ва Чин муҷаҳҳаз гардид. Истеҳсоли таҷрибавии консентрати сурбу нуқра оғоз ёфтааст.
Иқтидори солонаи корхона то 2 миллион тонна маъдан пешбинӣ шуда, истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Пас аз расидан ба иқтидори пурра беш аз 1000 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Ҳамзамон, инфрасохтори муҳандисӣ ва иҷтимоии корхона навсозӣ гардида, зиёда аз 200 адад техника ва таҷҳизоти муосир ворид карда шудааст. Лоиҳа ба рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар мусоидат менамояд.

адрасмон