КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ

Мармарӣ яке аз бузургтарин муассисаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни гӯшт ва махсулоти мурғӣ машғул аст

Хоҷагиҳои зотпарварӣ

Дар 8 хоҷагии зотпарварии ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг 1600 сар гови зотӣ парвариш мешавад. Хар як хоҷагӣ барои 200 cap модагов пешбинй шуда, майдони умумӣ 3 гектарро дар бар мегирад. Барои ин хоҷагиҳо 560 cap гусолаҳои гуногун ва 18 cap барзагов аз хориҷ харидорӣ гардидааст.

Чорводорӣ

Дар чор хоҷагии чорводории мазкур 3500 cap чорво парвариш мешаванд. Дар ин ҷо зотҳои гуногуни чорвои аврупоӣ парвариш меёбанд.

Забҳхона

Иқтидори истеҳсолии забҳхона дар як рӯз то 30 сар чорворо ташкил медиҳад.

Ин истеҳсолот дорои доираи васеи маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла стейкҳои гуногун, гӯшти баландсифати обдор (нам) мебошад.

cattle complex

Инкубатор

Таҷҳизот ва технологияи замонавӣ дар инкубаторхонаи мо, ки масоҳаташ 1 гектарро ташкил медиҳад, имкон дорад то 5,5 миллион чӯҷа парвариш намояд.

Коргоҳи паррандапарварӣ

Дар майдони 24 гектар замин 12 мурғхона бо иқтидори парвариши 33 ҳазор парранда фаъолият менамояд, ки дар як сол 2,8 миллион мурғ парвариш мекунад.

Poultry Complex

Забҳхонаи мурғпарварӣ

Дар ин корхонаи агросаноатии шаҳри Душанбе ҳар як соат 3000 парранда забҳ гардида, зиёда аз 70 номгӯи маҳсулот бо  ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшти мурғ 5000 тоннаро дар бар мегирад.

Зироатпарварӣ

Дар хоҷагии кишоварзие, ки дар ноҳияи Ёвон масоҳати 1143 гектар заминро дар бар мегирад, юнучка, гандум ва дигар зироатҳо барои хӯроки чорво парвариш карда мешаванд.

Compound Feed

Хӯроки омехта

Дар коргоҳҳои мо хӯрокҳои гуногуни омехтаи хушсифат барои хӯроки мутавозин, коҳиши  хавфи беморшавӣ ва болоравии маҳсулнокии чорво истехсол мешавад. Мутахассиони мо иктидори истеҳсолиро ба 200 тонна дар як шабонарӯз расонида, нигоҳдории муносиби онро таъмин намудаанд.

Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад то 15000 тонна хӯроки омехтаи донагӣ барои мурғи тухмӣ ва 12000 тонна хӯроки гранулӣ барои мурғи гӯштӣ истеҳсол намояд.