21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд.
Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст.
Роҳбарони ҶДММ «Авесто Гуруҳ» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҶДММ «Авесто Гуруҳ» барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёти кишвар бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Директори генералии ҶДММ «Авесто Гуруҳ» Муҳамад Мирзо бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардид. Директори иҷроияи ширкат Зафар Бурҳонзода ва директори Департаменти лоиҳаҳои сармоягузорӣ Бежан Азонов бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуданд.
Ба истифода додани марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии Корхонаи муштараки Муосир дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара
24 апрел дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири идомаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти рушди босуръати соҳаи саноати кишвар ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Муосир оғози расмӣ бахшиданд.
Санги асоси бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ дар се самт дар деҳаи Гулафшони деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара
24 апрел дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулафшони деҳоти Сафобахш ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ санги асос гузоштанд.
Баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ
Санаи 8-уми апрели соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Авесто Гуруҳ» ва ҶДММ «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics»
AD Ports Group ва Авесто Гурӯҳ дар Тоҷикистон корхонаи нави муштараки логистикӣ таъсис медиҳанд
AD Ports Group (ADX: ADPORTS), яке аз операторони пешсафи ҷаҳонӣ дар самти пешниҳоди қарорҳои маҷмуии тиҷоратӣ, логистикӣ, имрӯз аз имзои созишномаи саҳҳомӣ бо Авесто Гурӯҳ — яке аз бузургтарин ширкатҳои холдингӣ ва диверсификатсионии Тоҷикистон — хабар дод. Ҳадаф аз ин созишнома таъсиси ширкати нави муштарак мебошад, ки дар саросари кишвар хизматрасониҳои ҳамгирошудаи логистикӣ ва экспедиторӣ оид ба ташкили ҳамлу нақли борро пешниҳод хоҳад кард.
Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастри» дар шаҳри Душанбе
15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа нерӯ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара
19 сентябр дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир» шинос шуданд.
Се сол аз ифтитоҳи «Композит Т.А.»
Се сол пеш, 28 августи соли 2021, ҶДММ «Композит Т.А.», ки ба истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ машғул аст, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ифтитоҳ гардид.
Се соли фаъолияти комплекси паррандапарварии «Мармарӣ»
Комплекси агросаноатии паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» яке аз муҳимтарин иншоотҳое мебошад, ки дар қатори якчанд лоиҳаҳои ҷадид дар кишвар, се сол пеш, 28 августи соли 2021, дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ифтитоҳ гардид.