Панҷ сол қабл, 27 августи соли 2019, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ифтитоҳ гардид.
Ифтитоҳи низоми нави радарҳо ва камераҳо дар шаҳри Душанбе
Дар шаҳри Душанбе насби низоми нави радарҳо ва камераҳо оғоз гардид, ки қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракати роҳро сабт намуда, маълумотро ба пойгоҳи ягона интиқол медиҳанд. Ин дастгоҳҳо 19 намуди қоидавайронкуниҳоро сабт мекунанд, аз ҷумла зиёд кардани суръат, набудани камарбандҳо, истодан дар ҷойҳои номатлуб, ба мисли хати дуюм
Ифтитоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» пас аз таҷдиди он
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе”-ро баъд аз азнавсозӣ ифтитоҳ намуданд.
Ба истифода додани корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис» дар шаҳри Душанбе
31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулиятимаҳдуди “Арвис”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.
Шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ «Арвис Зелал Текстайл» дар ноҳияи Мастчоҳ
7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.
Иштироки Акиа Авесто дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «INNOPROM. Осиёи Марказӣ»
Аз 25 то 27 апрели соли 2022 дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ОсиёиМарказӣ” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, саноатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамчунин роҳандозии робитаҳои нави корӣ миёни корхонаҳои саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ифтитоҳи Маркази савдо ва фароғатии «Сиёма молл» ва Кохи «Парфенон» дар шаҳри Душанбе
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти ин маркази муҳташами савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ, ки дар ҷумҳурӣ калонтарин ба ҳисоб меравад, оғоз бахшиданд.
Ифтитоҳи комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶДММ «Мармарӣ» дар ноҳияи Данғара
28 август дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «КОМПОЗИТ Т.А.» дар шаҳри Душанбе
28 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба кор даровардани ҶДММ «Комбинати орди Душанбе»
Имрўз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.