Комплекси агросаноатии паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» яке аз муҳимтарин иншоотҳое мебошад, ки дар қатори якчанд лоиҳаҳои ҷадид дар кишвар, се сол пеш, 28 августи соли 2021, дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ифтитоҳ гардид.
Марҳилаи аввали ифтитоҳи ин комплекс дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ва оғози фаъолияти инкубатори корхона бо иштироки Пешвои миллат сурат гирифт. Инкубатор дар масоҳати беш аз 1 гектар замин бунёд гардида, бо масоҳати 2000 метри мураббаъ яке аз калонтарин инкубаторҳои Тоҷикистон ба шумор меравад.
Иншооти мазкур дорои минтақаи коркарди санитарии техника, ҷойи қабули тухми инкубатсионӣ, сардхона барои нигоҳдории тухмҳо, ҳуҷраҳои гузоштани тухм ва баровардани чӯҷаҳо, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва таҳвили чӯҷаҳо мебошад. Бо иқтидори солонаи беш аз 5 миллион сар чӯҷа, ин инкубатор на танҳо мурғхонаи комплекси «Мармарӣ»-ро бо 3 миллион сар чӯҷа таъмин мекунад, балки боқимондаҳои истеҳсолотро барои дигар мурғхонаҳои кишвар низ пешниҳод менамояд.
Фаъолияти комплекси паррандапарварии «Мармарӣ» пурра мутобиқ бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар, ба роҳ монда шудааст. Ин лоиҳа на танҳо ба рушди соҳаи парандапарварӣ, балки ба тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии кишвар низ саҳми назаррас мегузорад.