ЯК ҚИСМИ ДАСТАИ МО ГАРДЕД
Дар ин қисмат бо вазифаҳои кории холӣ дар ҶДММ "Авесто Гуруҳ" метавонед, шинос шавед.
Бо пур кардани аризае, ки дар поён ҷойгир аст, маълумоти кӯтоҳ дар бораи худ фиристед.
Ҷойҳои кории холии мавҷуда
Варақаро пур кунед
Мутахассиси шуъбаи нақлиёт
Ширкати Авесто Гуруҳ барои ишғоли вазифаи Мутахассиси шуъбаи нақлиёт озмун эълон менамояд
Уҳдадориҳои асосӣ:
- Ташкилу таъмини фаъолияти мунтазам ва бефосилаи нақлиёти корпоративӣ (автобусҳо, техникаи махсус, нақлиёти сабукрав);
- Идора ва назорати ҳолати техникии парки нақлиётӣ (зиёда аз 700 адад);
- Ҳамкорӣ бо стансияҳои хизматрасонии техникӣ, назорати корҳои таъмирӣ, хизматрасонии техникӣ ва истифодаи нақлиёт;
- Пешбурди баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, масофаи тайшуда ва хароҷот;
- Таҳия ва ҷорӣ намудани регламентҳо, дастурамалҳо ва стандартҳои кори шуъбаи нақлиёт;
- Назорати фаъолияти ронандагон (интизом, ҷадвали корӣ ва самаранокӣ);
- Интихоб, қабул, мутобиқсозӣ ва аз кор озод намудани ронандагон;
- Таҳлил ва беҳсозии хатсайрҳо ва истифодаи нақлиёт;
- Омода намудани ҳисоботҳо, таҳлилҳо ва маълумоти оморӣ оид ба парки нақлиётӣ;
- Иштирок дар лоиҳаҳои рушди соҳаи нақлиёт, аз ҷумла электробусҳо, рақамикунонӣ ва пардохти ғайринақдӣ;
- Омода намудани рунамо (презентатсия)-ҳо ва маълумот барои роҳбарият;
- Назорати риояи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт;
- Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва шарикон.
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи нақлиёт, логистика, муҳандисӣ ё бозаргонӣ (менеҷмент);
- Таҷрибаи корӣ дар ширкати нақлиётӣ ё парки нақлиётӣ на камтар аз 2–3 сол;
- Фаҳмиши усулҳои идоракунии парки нақлиётӣ (fleet management);
Дониш ва малакаҳои зарурӣ:
• Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Кодекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Асосҳои истифода ва таъмири воситаҳои нақлиёт;
• Малакаи таҳлил ва кор бо маълумот (Excel, ҳисоботҳо);
• Қобилияти кор бо ҳаҷми зиёди маълумот ва вазифаҳо;
• Малакаи омода намудани рунамоҳо (PowerPoint);
• Қобилияти ташкилӣ ва идоракунӣ;
• Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ (барои дониши забони англисӣ афзалият дод мешавад);
• Маҳорати хуби кор бо компютер.
Ба номзадҳое, ки дорои таҷриба ва малакаҳои зерин мебошанд, бартарӣ дода мешавад:
- Идоракунии парки нақлиёти корпоративӣ, аз ҷумла парки дорои зиёда аз 100 воситаи нақлиёт;
- Ҷорӣ намудани низомҳои рақамии идоракунӣ, аз ҷумла GPS, назорати сӯзишворӣ ва ERP;
- Кор бо электробусҳо ё намудҳои дигари нақлиёти алтернативӣ;
- Дониши кофӣ вобаста ба лоиҳаҳои нақлиётӣ ва шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ.
Пешниҳодҳои мо:
- Кор дар ширкати устувор ва пайваста рушдёбанда;
- Дафтари кории бароҳат;
- Имконияти омӯзиш аз ҳисоби ширкат;
- Рушди касбӣ ва мансабӣ;
- Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
- Ҷадвали корӣ 5/2.