Се сол аз ифтитоҳи «Композит Т.А.»

img

Се сол пеш, 28 августи соли 2021, ҶДММ «Композит Т.А.», ки ба истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ машғул аст, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ифтитоҳ гардид.

Ин корхона дар ҳамкорӣ бо ширкати бонуфузи Озарбойҷон — «Азкомпозит» таъсис ёфтааст ва имрӯз беш аз 150 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад. Корхонаи «Композит Т.А.» имконият дорад, ки дар як сол то 150 километр қубурҳои шишапластикиро бо қутрҳои гуногун аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол намояд.

Ин иқдом на танҳо ба рушди саноати сохтмон дар Тоҷикистон саҳми муҳим мегузорад, балки дар такмили инфрасохтори кишвар низ нақши назаррас дорад. Таҳкими инфрасохтори миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл дар кишвар аз ҷумлаи дастовардҳои асосии ин корхона ба ҳисоб мераванд.

img