Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҶДММ «Авесто Гуруҳ» барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёти кишвар бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Директори генералии ҶДММ «Авесто Гуруҳ» Муҳамад Мирзо бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардид. Директори иҷроияи ширкат Зафар Бурҳонзода ва директори Департаменти лоиҳаҳои сармоягузорӣ Бежан Азонов бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуданд.
Муҳамад Мирзо, директори генералии ҶДММ «Авесто Гуруҳ»
Зафар Бурҳонзода, директори иҷроияи ҶДММ «Авесто Гуруҳ»
Бежан Азонов, директори департаменти лоиҳаҳои сармоягузории ҶДММ «Авесто Гуруҳ»
25 август дар Қасри миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони соҳаҳои гуногуни кишвар барои дастовардҳои назаррас ва саҳми арзанда дар рушди давлат мукофотҳои давлатиро тақдим намуданд.
Дар доираи ин маросими тантанавӣ фаъолияти роҳбарони Авесто Гуруҳ низ барои саҳми назаррас дар рушди соҳибкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳим, рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба пешрафти иқтисодии кишвар сазовори қадрдонии давлатӣ гаштанд.
Сарфароз гардидани роҳбарони Авесто Гуруҳ бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва медали «Хизмати шоиста» нишонаи эътирофи фаъолияти созанда, масъулиятшиносӣ ва саҳми онҳо дар рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ин қадрдонӣ барои тамоми дастаи ширкати Авесто Гуруҳ мояи ифтихор буда, барои идомаи фаъолияти самаранок, татбиқи ташаббусҳои нав ва саҳмгузории минбаъда дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар такони тоза мебахшад.