МО ҲАЛЛИ ГУНОГУНИ ЯКҶОЯРО БАРОИ ҚОНЕЪ НАМУДАНИ ҲАМАИ НИЁЗҲО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ

Сити лайн ширкати муосирест, ки ба гузоштани аломатҳои уфуқии роҳ бо истифода аз термопластика ва пластикаи моеъ дар Тоҷикистон машғул аст. Дар корхона таҷҳизоти навтарини ширкати олмонии «HOFMANN» истифода мешавад. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани бехатарӣ дар роҳҳои кишвар мебошад.

Системаи автоматикунонидашудаи пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ. Лоиҳа ба рушди соҳаи мусофиркашонӣ, таъмини шаффофияти система, баланд бардоштани суръати ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, афзоиши даромаднокӣ ва беҳтар кардани вазъи молиявии корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.

Маркази логистикӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар масоҳати 14,5 гектар ҷойгир буда, дорои 7 роҳи оҳани наздикшаванда мебошад, қудрати то 50 вагони боркашро дар як рӯз хизмат расониданро дорад. Фаъолияти асосӣ: боргирӣ ва борфарории молҳои гуногун бо роҳи оҳан барои воридот ва содирот ба Тоҷикистон. Марказ, инчунин дорои анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ва таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёте мебошад, ки баҳри фурӯш ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

logistic center
logistic

Роҳи ёрирасон дар ноҳияи Рӯдакӣ

 

Лоиҳаи "Роҳи ёрирасон дар ноҳияи Рӯдакӣ" баҳри хизматрасонӣ дар соҳаи роҳи оҳан равона гардидааст. Он анборҳои боркунӣ ва борфарорӣ дар майдони 2 гектарро дар бар мегирад, ки барои нигоҳ доштани мавод ва молҳои гуногун пешбинӣ шудаанд.

NETS ВА ЛОИҲАҲО ОИД БА ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИРИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ БЕҲТАР КАРДАНИ ИНФРАСОХТОРИ ШАҲР ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ШАҲРӢ

Ширкати «Network Solutions» (NETS) — таъмингари интернет, пайвасткунандаи система ва таъминкунандаи системаҳои телекоммуникатсионӣ мебошад, ки ҳалли якҷояро барои бахши хусусӣ, шарикони тиҷоратӣ ва давлатӣ пешниҳод мекунад. Ширкат бо истифода аз технологияи Gigabit Passive Optical Network (GPON) интернети баландсуръатро таъмин намуда, хизматрасониҳои расонидани самтҳои алоқа ва насбу нигоҳдории хизматрасонии идоракунии барномаи Битрикс24-ро пешниҳод мекунад.

shohin

Ҳадафи системаи автоматикунонидашудаи сабти вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (ҚҲДД) - ошкор ва сабти саривақтии вайронкуниҳо барои пешгирии онҳо дар шаҳри Душанбе мебошад. Дастгоҳҳо ҳодисаҳои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро сабт, рақамҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиётро муайян намуда ҳар дақиқа ба система сабти видеоӣ мефиристанд.

Бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, ширкати мо таваққуфгоҳҳои пулакӣ бо технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти муосирро ташкил кардааст. Ин таваққуфгоҳҳо вобаста ба шумораи мошинҳо ба таври худкор кор мекунанд. Таваққуфгоҳи ройгон барои мошинҳои фавқулодда дастрас аст. Пардохти таваққуфгоҳ бо усули ғайринақдӣ бо истифода аз рамзи QR (QR-код) ва замимаи мобилии DC сурат мегирад.

Истгоҳҳои замонавии пуркунандаи барқ дар шаҳри Душанбе ба таври худкор барои таъмини мошинҳои барқӣ бо нерӯи барқ насб карда мешаванд. Ширкати мо 50 истгоҳи барқии NERU - ро насб кардааст, ки ҳамзамон 100 мошинро бо барқ таъмин карда метавонанд. Истгоҳҳои барқии NERU аз санҷиши бехатарӣ гузашта ба стандартҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Автоматизированная система контроля и учета электроэнергии в Душанбе

СИСТЕМАИ АВТОМАТИКУНОНИДАШУДАИ НАЗОРАТ ВА БАҲИСОБГИРИИ БАРҚ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳадафи аслии ин лоиҳа коҳиши талафоти техникӣ ва тиҷории нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Лоиҳа ба беҳтар кардани ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ ва баланд бардоштани самаранокии система равона гардидааст. Дар ноҳияи Сино аллакай 104 000 муштарӣ ба қайд гирифта шудааст.

electro