МО МАҲСУЛОТИ НАССОҶИРО АЗ РИШТА ТО МАВОДҲОИ ТАЙЁР ИСТЕҲСОЛ МЕКУНЕМ

arvis

Арвис - корхонаи амудии ҳамгирошудаи сачоқҳо ва хилъатҳои патдор бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона 3600 тонна матоъҳои патдорро дар доираи 500 намуд маҳсулот дар як сол ташкил медиҳад.

Таҷҳизоти технологии корхона комилан аз моделҳои навтарини ширкатҳои пешрафтаи Белгия, Олмон, Туркия, Ҷопон, Корея ва Чин иборат аст. Раванди истеҳсолот ба якчанд марҳила ҷудо шудааст, аз ҷумла гирифтани ришта, истеҳсоли матоъҳои патдор, рангубор кардани матоъ ва дӯхтани маҳсулоти ниҳоӣ – сачоқҳо ва хилъатҳои патдор.

Дар корхона танҳо риштаи баландсифати истеҳсоли маҳаллӣ истифода мешавад.

Гулистони Душанбе поягузори саноати дӯзандагии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Он соли 1933 таъсис ёфта, яке аз машҳуртарин корхонаҳои  истеҳсоли либосҳои мардона ва занона дар кишвар ҳисобида мешавад. Корхонаи мазкур соли 2023 бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида имкони дӯхтани либосҳои гуногун фароҳам оварда шудааст.

Таъсиси таҷҳизоти муосир имкон дод, ки иқтидори истеҳсолии корхона то 2 миллион адад дар як сол зиёд карда шавад.

Корхонаи дӯзандагии «Гулистони Душанбе» хусусан ба истеҳсоли либосҳои мардона, занона, кӯдакона, либосҳои махсус, варзишӣ, мактабӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва инчунин матоъҳои ҷинсӣ машғул аст.

Бартарии коргоҳ сифати баланди маҳсулоти дӯзандагӣ ва имконияти иҷрои фармоишҳои инфиродӣ мебошад.

gulistoni dushanbe

Арвис Зелал Текстайл корхонаи муштаракест, ки дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои пешрафтаи туркӣ-ӯзбекӣ “ZELAL TEXTILE” таъсис дода шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 5200 тонна нахи пахта арзебӣ мегардад.

Фаъолияти Арвис Зелал Текстайл ба истеҳсоли риштаи пахтагини кардӣ ва риштаҳои пахтагини навъи NE10 ва NE40 равона шудааст. Маҳсулоти тайёр ба Русия, Туркия, Ӯзбекистон ва кишварҳои Аврупо содир карда мешавад.