ЛОИҲАҲОИ АВЕСТО ГУРУҲ ДОИРАИ ВАСЕИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИ ХӮРОКВОРИРО ДАР БАР МЕГИРАНД

Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботӣ.

Корхона бо таҷҳизоти пешрафтаи истеҳсолкунандагони рушднамудаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз аст, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад ва сифати аълои ҳар як маҳсулотро кафолат медиҳад.

Сиёма - Маҳсулоти обӣ аз пиряхи обшуда

Филтри чаҳорзинагии мо сифати баланд, бехатарӣ ва таъми беҳамтои маҳсулотамонро кафолат медиҳад.

Мо оби софи дарёи кӯҳии Сиёмаро, ки яке аз обҳои хушмаззатарин миёни даҳ оби беҳтарини ҷаҳон ба шумор меравад, барои истеҳсоли обҳои нӯшокии худ истифода мебарем.

Корхонаи орди мо яке аз калонтарин дар Тоҷикистон буда, бо технологияҳои муосир ва хатҳои беназири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Номгӯи маҳсулот

Комбинат зиёда аз 10 намуд орди навъи олӣ, якум ва дуюмро таҳти брендҳои “Майса”, “Хӯша”, “Сунбула” ва “Суфра” истеҳсол мекунад, ки аз онҳо истеҳсоли макарон ва маҳсулоти кондитерӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол 100 ҳазор тонна ғалла коркард карда мешавад.

marmari

Истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти баландсифати чорво: стейкҳои гуногун, гӯшти баландсифати обдор (намнок) ва зиёда аз 70 номгӯи маҳсулот аз мурғ

Мармари

Маҳсулоти ғайри GMO (Организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта)

Дар таркиби махсулоти мо тасбитгар (стабилизатор), иловаҳои сунъй ва GMO вуҷуд надоранд ва ин имкон медиҳад, ки мо талаботи ҳамаи табақаҳои аҳолиро бо маҳсулоти табий, болаззат, серғизо, хушсифат ва дастрас қонеъ гардонем.

Маҳсулоти гӯштӣ

Мо доираи васеи гӯшти баландсифатро пешниҳод менамоем, ки барои ошпазии шумо заминаи комил хоҳанд гузошт. Миёни маҳсулоти гӯштӣ лаҳми синаи беустухон, рон ва соқи по, қисми китф, гӯшту устухон барои шӯрбо, қисми гардан, гӯшти лаҳми беравған, мушакҳои чашм ва гӯшти дампухтро хоҳед ёфт. Сифат ва гуногунии маҳсулоти ширкати мо эътимодбахш аст.

meat

Маҳсулот аз гӯшти мурғ

Бо камоли майл ба шумо интихоби васеи маҳсулоти гӯшти мурғи аввалиндараҷаро пешкаш менамоем, ки барои офаридаҳои хӯрданӣ (гастрономӣ)-и  шумо заминаи олӣ хоҳад гузошт: лаҳми синаи беустухон, дилчаҳои мурғ, меъдачаҳо, ҷигар, бол, мурғи пурра, соқ ва рони по.

Равғани растанӣ

Заводи мо дар ноҳияи Ёвон ба туфайли давраи истеҳсолии комилан ташаккулёфта равғани аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мекунад. Бо иқтидори истеҳсолии коркарди то 80 тонна зироатҳои равғанӣ дар як шабонарӯз, мо сифати баланди ҳар як маҳсулотро кафолат медиҳем.

oil