АКИА АВЕСТО АВТОМАТИВ ИНДАСТРИ - КОРХОНАИ МУШТАРАКЕСТ, КИ ДАР ҲАМКОРӢ БО ЯКЕ АЗ ШИРКАТҲОИ ПЕШРАФТАИ ТУРКИЯ «AKIA» ТАЪСИС ДОДА ШУДААСТ

Корхона доираи васеи автобусҳои баландсифати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалиро истеҳсол намуда, саҳми назаррас дар саноатикунонии кишвар мегузорад. Иқтидори солонаи истеҳсолӣ 400 воҳиди автобусро ташкил медиҳад. Силсилаи моделҳо аз 8 намуди нақлиёти ҷамъиятӣ иборат аст: автобусҳои дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ, электробусҳо, электро-троллейбусҳо ва автобусҳо бо гази моеъ.

Автобусҳои истеҳсолшуда ба стандартҳои экологии Евро-5 / Евро-6 мувофиқат намуда бо муҳаррикҳо ва қисмҳои ҳаракати ширкатҳои машҳур, ба монанди: "Mercedes-Benz" ва "Zahnrad Fabrik" муҷаҳҳазонида шудаанд.

Akia Avesto

CITY SERVICE LTD - ХИЗМАТРАСОНИИ БАЛАНДСИФАТИ ТАЪМИР ВА НИГОҲДОРИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

Дар корхона автосервиси мобилӣ бо таҷҳизоти ташхисӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои техникӣ новобаста аз ҷойгиршавии воситаи нақлиёт амал мекунад.

АРТЕЛ АВЕСТО ЭЛЕКТРОНИКС – КОРХОНАИ МУШТАРАК, КИ ДАР ҲАМКОРӢ БО ЯКЕ АЗ ШИРКАТҲОИ ПЕШРАФТАИ ЧУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ARTEL ТАЪСИС ДОДА ШУДААСТ

Корхона намудҳои гуногуни техникаи маишӣ, аз ҷумла чангкашакҳо, обгармкунакҳо, кондитсионерҳо, телевизорҳо ва мошинҳои ҷомашӯиро бо истифода аз технологияҳои рушдёфта ва таҷҳизоти муосири истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҷаҳон истеҳсол мекунад.

artel