МО БА ШУМО ЛАҲЗАҲОИ ФАРАҲБАХШ ВА РУҲИЯИ БАЛАНД БАХШИДА БАҲРИ ХУШҲОЛИАТОН КУМАК МЕРАСОНЕМ

Сиёма Молл яке аз марказҳои муосири савдо ва дилхушии дараҷаи аввал дар шаҳри Душанбе мебошад. Дар ҳудуди маркази мазкур бо масоҳати 24 000 м² 86 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ мағозаҳо, толорҳо ва марказҳои фароғатӣ ҷойгиранд. Дар марказ инчунин толори синамо ва ғизохӯрӣ мавҷуданд, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ кор мекунанд.

СИЁМА МОЛЛ

Ин макони истироҳатии  муосири пойтахт баҳри бароҳатии меҳмонон таваққуфгоҳ барои беш аз 300 мошинро дорост.

Бо инфрасохтори беназир ва сатҳи баланди хизматрасонӣ, Сиёма Молл барои меҳмонони худ истироҳати бароҳатро таъмин мекунад.

 

Толори ҷашнии Кохи "Парфенон", ки бо услуби зебои меъмории юнонӣ сохта шудааст, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва дигар маросимҳо пешбинӣ гардидааст.

КОХИ ПАРФЕНОН

Хизматрасонӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ташкил карда шудааст.

Масоҳати бино 1400 метри мураббаъро ташкил медиҳад.