Ба истифода додани марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии Корхонаи муштараки Муосир дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара

24 апрел дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири идомаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти рушди босуръати соҳаи саноати кишвар ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Муосир оғози расмӣ бахшиданд.Continue reading

Санги асоси бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ дар се самт дар деҳаи Гулафшони деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара

 24 апрел дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулафшони деҳоти Сафобахш ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ санги асос гузоштанд.Continue reading

Баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ

artelAvestoInvestСанаи 8-уми апрели соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Авесто Гуруҳ» ва ҶДММ «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics»Continue reading

AD Ports Group ва Авесто Гурӯҳ дар Тоҷикистон корхонаи нави муштараки логистикӣ таъсис медиҳанд

Avesto JVAD Ports Group (ADX: ADPORTS), яке аз операторони пешсафи ҷаҳонӣ дар самти пешниҳоди қарорҳои маҷмуии тиҷоратӣ, логистикӣ, имрӯз аз имзои созишномаи саҳҳомӣ бо Авесто Гурӯҳ — яке аз бузургтарин ширкатҳои холдингӣ ва диверсификатсионии Тоҷикистон — хабар дод. Ҳадаф аз ин созишнома таъсиси ширкати нави муштарак мебошад, ки дар саросари кишвар хизматрасониҳои ҳамгирошудаи логистикӣ ва экспедиторӣ оид ба ташкили ҳамлу нақли борро пешниҳод хоҳад кард.Continue reading

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастри» дар шаҳри Душанбе

img akia factory15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа нерӯ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Continue reading

Боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара

president19 сентябр дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир» шинос шуданд.Continue reading

Се сол аз ифтитоҳи «Композит Т.А.»

imgСе сол пеш, 28 августи соли 2021, ҶДММ «Композит Т.А.», ки ба истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ машғул аст, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ифтитоҳ гардид.Continue reading

Се соли фаъолияти комплекси паррандапарварии «Мармарӣ»

imgКомплекси агросаноатии паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» яке аз муҳимтарин иншоотҳое мебошад, ки дар қатори якчанд лоиҳаҳои ҷадид дар кишвар, се сол пеш, 28 августи соли 2021, дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман ифтитоҳ гардид.Continue reading

Панҷ сол аз оғози корхонаи «Сиёма»: Пешсафи истеҳсоли об ва машрубот дар Тоҷикистон

Панҷ сол қабл, 27 августи соли 2019, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ифтитоҳ гардид.Continue reading

shohin

Ифтитоҳи низоми нави радарҳо ва камераҳо дар шаҳри Душанбе

shohinДар шаҳри Душанбе насби низоми нави радарҳо ва камераҳо оғоз гардид, ки қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракати роҳро сабт намуда, маълумотро ба пойгоҳи ягона интиқол медиҳанд. Ин дастгоҳҳо 19 намуди қоидавайронкуниҳоро сабт мекунанд, аз ҷумла зиёд кардани суръат, набудани камарбандҳо, истодан дар ҷойҳои номатлуб, ба мисли хати дуюмContinue reading