Иштироки Akia Avesto дар намоишгоҳи «Futuroad Expo Astana»

Иштирок дар чорабинии «Futuroad Expo Astana» барои ширкати мо ба як анъанаи хубе табдил ёфтааст. Аз 24 то 26 июни соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон намоишгоҳи байналмилалии «Futuroad Expo Astana»баргузор гардид. Дар намоишгоҳ ширкатҳои Қазоқистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони нақлиёти тиҷоратӣ, автобусҳо, автотехникаи махсус ва роҳсозӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, ҷузъҳо, таҷҳизоти хизматрасонии нақлиёти тиҷоратӣ иштирок намуданд.

Ширкати «АКИА АВЕСТО» як қатор автобусҳои баландсифат, аз қабили автобусҳои барқӣ, дуошёна,  байнишаҳрӣ ва шаҳриро бо вариантҳои муҳаррики дизелӣ, гази табиии фишурдаи корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Туркия «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-ро ба маърази тамошо гузошт. Намоишгоҳи Futuroad Expo Astana дар сатҳи баланд ва касбӣ доир гардид. Мо аз натиҷаҳо қаноатманд буда гӯшаи худро боз намудем, ки шумораи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуд, ки миёни онҳо шарикони мо ҳузур доштанд. Мо ният дорем, ки соли оянда низ дар ин чорабинӣ иштирок намоем. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки чорабинӣ аз марҳилаи аввали омодагӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардид.