Muhamad Mirzo

МО ИННОВАТСИЯРО АНЪАНАИ ХУД МЕСОЗЕМ!

Мо як дастаи нави идоракуниро ташкил намуда, малака ва имкониятҳои коллективи худро инкишоф додем ва як қатор лоиҳаҳои инноватсиониро амалӣ сохтем.

Дар асоси рисолати ширкат, мо метавонем, ки дар мамлакат ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода тахассуси мутахассисони мавҷударо баланд бардорем ва ба рушди технологӣ мусоидат намуда, иқтидори содиротии кишварро тавассути ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ афзоиш диҳем.

Ҳар он чӣ мо анҷом додем оғози кори мост. Дар пеш моро корҳо, ӯҳдадориҳо ва дурнамоҳои бузург интизоранд. Мо бояд баҳри дар оянда ба комёбиҳои тоза ноил гардидани ширкати Авесто Гуруҳ дар ҷаҳони муосир замина гузорем. Ин амал эҷодкорӣ, дилбохтагӣ ва ҷалби қувваи мусбии бештарро аз коллективи касбии мо тақозо менамояд.

Мутмаинам, ки билохира дар ояндаи наздик мо ба ҳадафи худ баҳри саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ва табдил ёфтан ба яке аз ширкатҳои пешрафта на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, хоҳем расид.

Мо ба ҳамкорӣ бо шарикони худ бо масъулияти баланд муносибат намуда, ҳамеша манфиатҳои тарафайнро ба назар мегирем.Усулҳои асосии ҳамкории мо бо шарикон ошкорбаёнӣ, эҳтироми манфиатҳо ва рушди муштарак ҳаст ва боқӣ хоҳанд монд.

 

Бо эҳтироми самимӣ,Муҳамад Мирзо

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР

Дар бораи Авесто Гуруҳ