Иштироки Акиа Авесто дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «INNOPROM. Осиёи Марказӣ»

Аз 25 то 27 апрели соли 2022 дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ОсиёиМарказӣ” баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, саноатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамчунин роҳандозии робитаҳои нави корӣ миёни корхонаҳои саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ беш аз 700 нафар намояндагони бузургтарин ширкатҳои истеҳсолӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Фаронса, Беларус, Қазоқистон, Туркия, Олмон ва дигар кишварҳо гирди ҳам омадаанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин намоишгоҳ маҳсулоти корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия оид ба истеҳсоли автобусҳои мусофирбари «Akia Avesto Automatic Industry» бомуваффақият ба намоиш гузошта шуд.