28 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”-ро ифтитоҳ намуданд.
Бунёди корхона дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшида буданд.
Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд.
Истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.” корхонаи муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи озарбойҷонӣ - “Азкомпозит” таъсис дода шудааст.
Корхона тасмим гирифтааст, ки дар муҳлатҳои наздиктарин мутахассисони маҳаллиро тайёр кунанд, ки минбаъд маҳсулоти корхонаро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол намоянд.
Таҳлилҳо нишон доданд ки истифодаи қубурҳои шишапластикӣ ҳангоми истеҳсоли он дар дохили кишвар аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар мебошад. Қубурҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле содда ва осон аст. Инчунин, қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор мебошад.
Барои истеҳсоли қубурҳо асосан маҳсулоти қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон истифода мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои қуми кварсӣ хеле зиёд ба назар расида, истифодаи васеи ин намудаи ашёи хом аз дохили кишвар ба нақша гирифта шудааст. Дигар намуди ашёи хом то пайдо намудани манбаи дохилӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.