Панҷ сол аз оғози корхонаи «Сиёма»: Пешсафи истеҳсоли об ва машрубот дар Тоҷикистон

Панҷ сол қабл, 27 августи соли 2019, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ифтитоҳ гардид.
Обҳои истеҳсолшавандаи «Сиёма» на танҳо ба талаботи дохилӣ ҷавобгӯ мебошанд, балки дар арсаи байналмилалӣ низ муаррифгари Тоҷикистон гаштаанд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми назаррас мегузоранд.


Корхона обҳои газнок, бегаз ва хуштаъмро дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм истеҳсол намуда, ба стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ комилан ҷавобгӯ мебошад. Истеҳсоли машрубот дар ин корхона асосан барои содирот пешбинӣ шудааст, ки дар баробари маҳсулоти воридотивазкунанда, инчунин маҳсулоти содиротии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро низ пешниҳод менамояд.

1

Оғози фаъолияти корхонаи «Сиёма» як қадами муҳим дар самти тавсиаи имкониятҳои истеҳсолии кишвар мебошад, ки на танҳо талаботи дохилиро қонеъ мегардонад, балки ба содироти босифати маҳсулоти ватанӣ низ имкониятҳои нав фароҳам меорад.