
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!», ки 14 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи соҳибкорон баргузор гардид, маросими қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» доир шуд.
Дар ин озмуни бонуфуз як қатор ширкатҳои сохтори Авесто Гуруҳ аз рӯи самтҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ ғолиб дониста шуда, бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла, ҶДММ «Арвис» дар соҳаи истеҳсолот, ҶДММ «AKIA Avesto Automotive Industry» дар соҳаи нақлиёт ва КМ «Мармарӣ» дар соҳаи кишоварзӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. ҶДММ «Таком» дар самти инноватсия дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, ҶСК «Комбинати коркарди маъдани Адрасмон» дар номинатсияи «Саноати истихроҷ» ва Ширкати «Network Solutions» (NETS) дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ғолиб дониста шуданд.





Ғолибони озмун дар маҷмӯъ аз рӯи 16 номинатсия муайян карда шуданд, ки соҳаҳои калидии иқтисоди кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, сохтмон, рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, савдо ва хизматрасониро фаро мегирифтанд.
Ҷоизаҳоро ба ғолибон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ тақдим намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» ба ҳавасмандгардонии ташаббусҳои соҳибкорӣ, рушди фаъолияти тиҷоратӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои ватанӣ ва эътирофи саҳми бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона шудааст.
Муваффақияти ширкатҳои сохтори Авесто Гуруҳ дар ин озмун бозгӯи фаъолияти самаранок, ҷорӣ намудани технология ва роҳкориҳои муосир, рушди истеҳсолот ва саҳми онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Авесто Гуруҳ минбаъд низ татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, технологӣ ва сармоягузориро идома дода, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар саҳм хоҳад гузошт.