
30 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, логистикӣ, кишоварзӣ ва тиббӣ дар шаҳри Душанбе шинос гардида, барои бунёди як қатор иншооти муҳим санги асос гузоштанд.
Аз ҷумла, зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои мазкур ба сохтмони корхонаи нави истеҳсоли техникаи маишии ҶДММ «Артел Авесто Электроникс» оғоз бахшида шуд. Тибқи лоиҳа, иқтидори истеҳсолии корхона беш аз 500 ҳазор адад техникаи маиширо дар як сол ташкил дода, таъсиси 400 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, лоиҳаи бунёди сардхонаи муосири ҶДММ «Мармарӣ» бо ғунҷоиши 2 ҳазор тонна муаррифӣ гардид. Иншооти мазкур бо таҷҳизоти муосири нигоҳдорӣ таъмин гардида, барои ҳифзи сифати маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат хоҳад кард. Дар доираи татбиқи лоиҳа таъсиси 240 ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Амалисозии чунин лоиҳаҳо ба рушди иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.