МО ИННОВАТСИЯРО АНЪАНАИ ХУД МЕСОЗЕМ!

АВЕСТО ГУРУҲ маҷмуи ширкатҳое мебошад, ки дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд

Авесто Гуруҳ ширкати гуногунсоҳаест дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як қатор лоиҳаҳои муҳимро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, коркарди кӯҳӣ, маҷмааи агросаноатӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва логистика амалӣ менамояд. Ширкат сайъ менамояд, ки дар кишвар ҳарчӣ бештар ҷойҳои корӣ таъсис дода, малакаи кормандони худро пайваста баланд бардорад, ба пешрафти технологӣ мусоидат намояд ва иқтидори содиротии худро тавассути ҷалби сармоягузорӣ ва эҷоди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ афзоиш диҳад.

Айни замон дар ширкат зиёда аз се ҳазор нафар кор мекунанд, ки дар байни онҳо ҳам мутахассисони ватанӣ ва ҳам хориҷӣ низ фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, ширкат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ диққати калон дода фаъолона кӯшиш мекунад, ки сармоягузорони хориҷиро барои таъсиси корхонаҳои муштарак ҷалб намояд. То ба имрӯз якчанд корхонаи муштарак бо ширкатҳои маъруф аз кишварҳое ба монанди Туркия, Чин, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб таъсис дода шудаанд. Ин корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият фаъолият мекунанд ва дар заминаи онҳо мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ таълим мегиранд.

Бори аввал дар Тоҷикистон ширкати мо ва шарикон истеҳсоли автобусҳо бо стандартҳои байналмилалӣ Евро-5/Евро-6-ро барои ҳамлу нақли дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ, автобусҳои барқӣ ва троллейбусҳо, техникаи маишӣ, қубурҳои шишапластикии диаметри калон оғоз намуд ва истеҳсоли оби нӯшокиро ба роҳ монда, инчунин таҷҳизоти электронии системаи пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро ҷорӣ намуданд. Ифтихори ширкат сохтмони маҷмааи бузурги кишоварзии "Мармарӣ" мебошад, ки дар он истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир ба роҳ монда шудааст. Яке аз ҷанбаҳои асосии рушди ширкат инноватсия маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад, Авесто Гуруҳ кушиш мекунад, дар соҳаҳое, ки лоиҳаҳо тавассути навоварӣ ва татбиқи технологияҳои нав, ҳам дар истеҳсолот ва ҳам дар соҳаи хизматрасонӣ амалӣ карда мешаванд, беҳтарин бошад.

Паёми Директори генералӣ

МУФАССАЛ