Авесто Гуруҳ ва Вазорати энергетика ва захираҳои об Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Дар доираи Форуми соҳибкорӣ таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!», ки 14 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консорсиуме, ки иштирокчии пешбари он ҶДММ «Авесто Гуруҳ» мебошад, Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ҳуҷҷати мазкур ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи татбиқи лоиҳаи тақсимоти нерӯи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешбинӣ менамояд.
Ёддошти тафоҳумро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва директори лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ҶДММ «Авесто Гуруҳ» Бежан Азонов ба имзо расониданд.
img
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум барои густариши минбаъдаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар самти навсозӣ ва рушди инфрасохтори тақсимоти нерӯи барқ замина фароҳам меорад.
Татбиқи лоиҳа ба баланд бардоштани самаранокӣ ва эътимоднокии таъминоти нерӯи барқ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, такмили низоми баҳисобгирӣ ва идоракунии нерӯи барқ, инчунин рушди минбаъдаи инфрасохтори энергетикии пойтахт равона гардидааст.


ҶДММ «Авесто Гуруҳ» татбиқ ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузориро, ки ба рушди инфрасохтори муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта дар соҳаҳои калидии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, идома медиҳад.